zoofirma.ru

Имрӯз, 15 апрели соли 2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок намуд.

Инчунин, дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳисоботи муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён шунида шуд.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли 2026 фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Дар идома Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз муовини якум, муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вобаста ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамагуна хизматрасониҳо ба аҳолӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи корҳо оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ пурсиш ба амал оварда, ба масъулин баҳри вусъати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ суханронӣ намуда, доир ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли 2026 изҳори назар намуд.

Дар фарҷом Илҳом Пӯлотзода Раиси шаҳр доир ба вусъати фаъолияти ҷомеаи меҳнатӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла байни занону ҷавонон, коҳиш додани раванди бегонапарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳал ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолият ба масъулин супоришҳо дод.