zoofirma.ru

Имрӯз, 16.04.2026 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи «Илму маърифат – сарчашмаи саодати инсон» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ҷамъомад баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби илму дониш ва нақши он дар рушди ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

Дар рафти чорабинӣ муовини раиси шаҳр – Ҷамолиён Муслимахон, устоди МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Эркаев Сафар, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Моҳира Раҳимзода ва собиқадори соҳаи фарҳанг – Раҳимова Хайринисо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки илму маърифат омили асосии пешрафти ҷомеа буда, ҷавонон бояд барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии худ пайваста кӯшиш намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён андешаҳои худро иброз намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро муҳим арзёбӣ карданд.