zoofirma.ru

Имрӯз, 18-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Абидов Абдуҷамил, Миркамолов Шаҳзод ва Ғаниев Мусофир, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва раиси ҷамоати шаҳраки Сирдарё Мушаррафа Охунова сарбозонро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурдагон ва волидони онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов дар ҳузури сарбозону ҷавонони шаҳрак таъкид намуд, ки шаҳри Гулистон дар даъвати баҳории соли ҷорӣ санаи 9-уми апрел нақшаи даъвати баҳориро сарбаландона иҷро намуд. Маҳз, зиёд гардидани сафи чунин ҷавонони ватандӯст буд, ки дар рӯзҳои аввали даъват бо хоҳиши худ муроҷиат намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд ва мо нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намудем. Аз ҷумла ҷавонони шаҳраки Сирдарё.

Изҳори итминон карда шуд, ки чунин анъана минбаъд низ идома ёфта, ҷавонони ҷасуру ғаюру ватандӯсти шаҳри Гулистон бо хоҳиши худ дар даъватҳои дигар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардид, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро менамоянд.