30 Апрел 2026
Санаи 27 апрели соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол" Ҷаласаи васеи Комиссияи ҳудуди муқовимат бо савдои одамон" бо иштироки фаъолон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 июли соли 2014, таҳти №1096 қабул гардида, қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” мафҳумҳои асосии қонуни мазкур муқаррар карда шудааст. Мувофиқи он савдои одамон – хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, мебошад.
Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад. Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмуӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳкор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад.