zoofirma.ru

Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар шаҳраки Консой бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, самаранок истифола бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид карда шуд.

Ҳамчунин, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонону сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, риоя кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ карда шуд.