zoofirma.ru

Санаи 19.05.2026 дар толори  Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр шурои духтарон бо иштироки омӯзгорон ва ҷавондухтарони муассиса баргузор гардид.
Дар кори Шуро муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси Шурои занони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Шурои духтарони муассиса доир ба пешгирии  ҷинояткорӣ дар байни  духтарон, даст назадан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва риояи тарзи ҳаёти солим таъкид карда шуд.