21 Май 2026
Имрӯз, 20-уми майи соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон зимни сафари кории Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода майдончаи варзишӣ барои навъи футболи хурд, ки дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид, ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ифтитоҳ карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ зикр намуд, ки боиси ифтихор ва шукргузорист, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.
Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».
Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмандтарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба рушди соҳаи варзиш аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст ва тули солҳои охир чандин иншооти варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим гардида барои истифодаи васеи сокинон пешниҳод карда шуд.
Амалигардонии чунин иқдом дар соли “Вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 ба ифтихори ҷашни 35-солагии Итсиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек аст. Нуктаи дигар мавриди зикр аст, ки ҷамоати шаҳарки Адрасмон нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро барзиёд иҷро намуд, ки аз ташаббускорӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстии масъулин, соҳибкорон ва сокинони шаҳрак гувоҳӣ медиҳад.
Дар охир Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҳамаи наврасону ҷавононро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол муборакбод намуд.
Сипас, ба кӯдакону наврасон тубҳо тақдим карда шуд.