zoofirma.ru

Санаи 20 майи соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" аз Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дидан намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ нахуст пойгоҳи обкашии "Дреш-сой" дар маҳаллаи Боғот-1 ба истифода дода шуд. Бо таъмиру азнавсозӣ ва ифтитоҳи он вазъи таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дар шаҳрак беҳтар гардид. Сипас, аз варзишгоҳи марказии шаҳрак дидан карда шуд. Тибқи нақша варзишгоҳи марказии шаҳрак пурра ва ҷавобгӯ ба талаботи замон таъмиру азнавсозӣ карда мешавад. Илҳом Пӯлотзода ба масъулин барои ба таври муосир ва бо сатҳи баланд таъмиру азнавсозӣ намудани варзишгоҳ тавсия ва дастурҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин,  аз ҷараёни коҳои таъмиру барқарорсозии кӯдакистони "Садбарг" дидан карда шуд, ки аз ҷониби фонди хайриявии "Музаффар" ба роҳ монда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон барои 14 гурӯҳи тарбиятгирандагон бо фарогирии 350 нафар ба нақша гирифта шудааст.
Дар идома аз рафти корҳои бозсозии Комбинати маъдантозакунии Адрасмон дидан карда шуд, ки тули беш аз 13 сол фаъолият надошт ва баъди азнавсозиву оғози фаъолият беш аз 500 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Адрасмон 49 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 49 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва иншоотҳои иловагӣ сохтаву бунёд шуда истодааст.
Илҳом Пӯлотзода ба раиси ҷамоати шаҳрак ва дигар масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии иншоотҳои иловагии ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод.