23 Май 2026
Санаи 21.05.2026 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими супоридани шаҳодатномаҳои гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр дар соли хониши 2025-2026 баргузор гардид.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба гирандагони стипендия шаҳодатнома ва маблағҳои муқаррар гардидаро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2025-2026 аз 27.04.2026, №105 ба тасвиб расида буд.
Бо ин мақсад санаи 08.05.2026 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2025-2026 миёни хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар натиҷа 40 нафар ғолибон гирандаи Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни суҳбат бо гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз дастгирии давлату ҳукумат дар сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирии хонандагони болаёқат ҳаҷми маблағи Стипендияи Раиси шаҳр аз 1800 сомонии соли 2025 ба 2000 сомонӣ дар соли 2026 расонида шуд. Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз дастгириҳои давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд.