zoofirma.ru

Хайру садақот ва таваҷҷуҳ бар ятимону бепарасторон амали неку кори савоб аст. Ин аст, ки нафарони хайрхоҳу саховатманд барои ба даст овардани дуои ашхоси ниёзманд талош мекунанд. Бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар арафаи омодагӣ ба соли нави хониш ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба қадри имкон шахсони хайрхоҳу саховатманд ба табақаҳои нодор дасти мадад дароз мекунанд.

Соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Толибҷони Маҷид яке аз чунин нафарон буда, ў ба 25 нафар дўстрўяконе, ки ба синфи якуми муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 14, 8 ва гимназияи ба номи Б.Ғафуров мераванд ашёи хониш тақдим намуд. Ҳини супоридани таҷҳизотҳои таълимӣ мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров ва намояндаи  Раёсати маорифи вилоят Суҳроб Ниёзов соҳибкорро ҳамроҳӣ карданд.