zoofirma.ru

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои дар сатҳи баланд ва дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамарӯза корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, бомаром вусъат ёфта истодааст.

Аз ҷумла бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон роҳҳои гирду атрофи беморхонаи марказии шаҳр ва як қисм биноҳои баландошёна бо маҳсулоти аълосифат мумфарш карда шуданд.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни рафти корҳои иҷрошуда дидан намуд.