zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҷаласаи назоративу дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар машварати кории имрӯза масъалаҳои муҳими рӯз аз қабили ташкили корҳои ободониву созандагӣ, мумфаршкунии роҳҳо, обтаъминкунӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ , иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои корӣ баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин масъалаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба иҷрои корҳо дар самти сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт ва босифат сохта ба истифода додани объектҳои ҷашнӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти кормандон мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шуда, шахсони масъул вазифагузорӣ карда шуданд.