02 Июл 2026
Санаи 01.07.2026 соати 14:00 дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрии вакили халқи вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Пӯлотзода Илҳом - Раиси шаҳри Гулистон дар доираи масъалаҳои амалигардонии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №567 " Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2026" ва аз 31 декабри соли 2020, №702 " Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои даври то соли 2030", пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон дар самти даст задани онҳо ба маводҳои психотронӣ, иштироки онҳо дар расму оинҳои динӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона ва шарҳи дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, ҳозиринро барои иҷрои амалҳои хайру савоб аз қабили тозагиву ободкорӣ, дастгирии беморон, аёдати калонсолон, дуруст тарбия кардани насли ҷавон даъват намуд.
Интихобкунандагон - сокинони ҷамоат маслиҳату пешниҳод ва дастуру супоришҳои вакили халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзодаро ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин андешаҳои хешро перомуни бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.