16 Июл 2026

Санаи 15 июли соли 2026 дар доираи иқдоми “Корвони журналистон”, ки бо ташаббуси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардидааст, ҳайати журналистони вилоятӣ ба шаҳри Гулистон ташриф оварданд.
Маросими истиқболи меҳмонон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар фазои тантанавӣ бо эҳтироми хоса баргузор гардид.
Меҳмонон зимни сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, ва сайёҳии шаҳр, аз ҷумла корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Ташрифи корвони журналистон ба шаҳри Гулистон барои муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, инъикоси корҳои ободониву созандагӣ, имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма заминаи мусоид фароҳам оварда, дар тарғибу ташвиқи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳр