23 Июл 2026
Имрӯз санаи 23.07.2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикситон муовини раиси Ш=рои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Каромулло Одилов ва корманди Шӯрои иттифоқи касабаи вилоят Ҳомидов Ҳасанҷон, ҳамчунин аъзои Шӯрои шаҳрӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи ҳисоботӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳисоботи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳои минбаъдаи Шӯро;
Бегонапарастӣ ва роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷомеа;
Ҳисоботи Шурои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр;
Масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба омодагӣ ба таҷлили сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ Абдуллоев Фаридуншоҳ ибрози андеша намуд.
Оид ба масъалаи сеюм раиси Шӯрои куҳансолон Атаев Анвар ҳисобот дод.
Баъдан директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ Кенҷаев Лоиқ ба музокира баромада, қайд намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Шоҳномахонӣ” дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, густариши маърифати умумӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикситон доир ба тақвияти фаъолияти Ҳаракат, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ибрози назар намуданд.
Дар фарҷом нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2026 тасдиқ гардида, ҷаласа бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ба анҷом расид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр