23 Июл 2026
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ корҳои ободониву созандагӣ идома доранд.
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мумфаршкунии яке аз роҳҳои ҷамоат оғоз гардид.
Роҳи мазкур бо дарозии 1800 метр ва паҳноии 6 метр бо маблағгузории соҳибкорону сокинон мумфарш карда мешавад.
Сокинони ҷамоат изҳор доштанд, ки дар соли 2026, ки ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳӣ» эълон гардидааст, минбаъд низ дар ободонии маҳал саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҷамоати шаҳраки Адрасмон беш аз 16 ҳазору 700 нафар аҳолӣ дошта, дар он муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, дар ду муассисаи таълимии ҷамоат таъмири асосӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон идома дошта, беш аз 50 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба корҳои таъмиру навсозӣ ҷалб шудаанд.