29 Июл 2026
Санаи 27 июли соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи корӣ доир ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисону роҳбарон ва сармуҳосибони ҷамоату шаҳракҳо, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмонон — Раҷабзода Шараф Саъдулло, муовини Сардори Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд ва Холзода Сорбон Сарахон, муовини сардори шуъба — сардори бахши назорати буҷетҳои маҳаллии Раёсатро муаррифӣ кард. Сипас ба намояндагони Агентӣ барои муаррифии натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявии дар шаҳр гузаронидашуда сухан дода шуд.
Дар идома намояндагони Агентӣ ҳозиринро бо натиҷаҳои санҷиш шинос намуда, оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои шаҳр, ҳолатҳои ошкоргардидаи коррупсионӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас баён гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода барои саривақт ислоҳ намудани камбудиҳо ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар фаъолияти молиявӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки бояд чунин ҳолатҳо таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад.