zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, санаи 29- уми июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Зимни нишаст Раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар нимсолаи аввали соли 2026, ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рушди соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идомаи нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, хизматрасонии коммуналӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби Раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳо ба ҳар як савол ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамкории созандаро бо намояндагони воситаҳои ахбори омма идома дода, барои дастрасии ҷомеа ба иттилооти саҳеҳу саривақтӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр