zoofirma.ru

Имрӯз, 10 августи соли 2026 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди Раиси шаҳри Гулисто баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1.Омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе;

2. Омодагӣ ба баргузории роҳпаймоии ҳарбӣ;

3. Саривақт ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ;

4. Омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ;

5.Масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо.

Доир ба масъалаҳои якум ва дуюми рӯзнома муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон гузориш манзур намуд.

Ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе вазифаҳо миёни аъзои кумитаи тадорукот тақсим гардида, барои таъмини иштироки фаъолона ва босифат муаррифӣ намудани дастовардҳои шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани роҳпаймоии ҳарбӣ, роҳпаймоии идона ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр супоришҳои мушаххас дод.