zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ дар маркази шаҳр ба масофаи беш аз 1 км мумфарш карда шуд.

Дар оғози корҳои мумфаршанамоӣ Раиси шаҳри Гулистон  Илҳом Пӯлотзода ва сардори шуъбаи шаҳри Гулистони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров иштирок намуданд.

Илҳом Пӯлотзода Раиси шаҳри Гулистон иброз намуд, ки соли  ҷорӣ  таъмири  52,5 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 20,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад.

Дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, 56,7 километр роҳ, аз ҷумла 5,0 километр таъмири асосӣ, 22,0 километр таъмири ҷорӣ ва 29,7 километр шағалпӯш карда шудааст. Иҷрои нақша 110,7 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин, таъкид гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташаббуси  соҳибкорони маҳаллӣ давра ба давра дигар кӯчаҳо низ мумфарш карда мешаванд.

Сокинони кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ барои мумфаршнамоии кӯчаи мазкур изҳори сипос намуданд.