zoofirma.ru

Бегоҳирӯзии 3-юми сентябри соли 2026 дар Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Нахуст, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳри Гулистонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии кишвар муборакбод гуфт.

Инчунин, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонид.

Дар идома Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода сокинони шаҳрро ба ин муносибат муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 35 сол аст, ки чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Лозим ба зикр аст, ки шаҳри Гулистон дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар нақши бориз ва арзандаи худро гузошта истодааст. Имрӯз мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Гулистон то имрӯз 310 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 110,0 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Хушбахтона дар ин давра бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр беш аз 15 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба чорабинии идона ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони маъруфи кишвар шукуҳу шаҳомати хоса бахшиданд.