zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Фарорасии санаи фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона муборак бод гуфта, бароятон тандурустӣ, рӯзгори хушу осуда, иқболи баланд, дар кору пайкоратон муваффақият ва ба Тоҷикистони азизамон осмони мусаффо ва сулҳу амонии ҷовидонаро таманно менамоям.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми зикр намуданд, ки: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон муроҷиати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо заҳмати аҳлона дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Лозим ба зикр аст, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Гулистон 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, 110,0 фоиз иҷро гардид.

Хушбахтона дар ин давра бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр беш аз 15 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат барҳақ таъкид намудаанд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Бори дигар сокинону меҳмонони шаҳрро бо фарорасии ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, рӯзгори обод ва комрониву комёбиҳо таманно менамоям.

Поярда бод, Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон!