10 Сентябр 2026
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" корҳои ободонӣ бо маром ҷараён гирифта истодаанд.
Ба ин муносибат дар шаҳрак барқарорсозии кӯдакистони "Садбарг" барои ба тарбия фаро гирифтани наздик ба 200 нафар кӯдак ва мумфаршнамоии роҳҳои дохили маҳал корҳо идома ёфта истодаанд.
Инчунин, корҳои барқарорсозии Комбинати маъдантозакунии Адрасмон низ бомаром ҷараён дорад.
Сокинони шаҳрак бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амонӣ ва Истиқлоли Ватан дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.