04 Октябр 2026
2-юми октябри соли 2026 тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор Конференсия илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Нақши омӯзгор дар таҳкими забони давлатӣ” бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сафарзода Мулоохун Бурҳонӣ ва мудири шуъбаи ҷавонони кумитаи иҷроия Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”. Дар ҳақиқат забони мо таърихи гузаштаи моро дар ҳофизаи худ нигоҳ доштааст ва имрӯз аз баракати ҳамин забон аст, ки мо тоҷикон соҳиби давлати мустақил ҳастем. Дар тули таърих дар ташаккул ва такомули забони тоҷикӣ фарзандони фарзонаи ин миллат, олимону адибон ва равшанфикрон саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва меросбарони онҳо имрӯз ин анъанаро идома дода истодаанд.
Ҳанӯз 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Барои соҳибмақомии забони тоҷикӣ бисёре аз фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳо карданд. Натиҷаи меҳнат, баҳсҳову талошҳои онон буд, ки ҳоло мо озодона аз минбарҳои ҷаҳонӣ бо ифтихор бо забони модарӣ сухан мегӯем. Забони тоҷикӣ забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Ниёгони мо забони модариро маҳз бо ҳамин сифатҳои олияш ситоиш кардаанд.
Забони мо он мақомеро, ки ҳазор сол қабл дар асри тиллоии миллати тоҷик дошт, боз соҳиб гардид. Тоҷикистони навин дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин забон шинохта шуд. Аммо набояд мо қаноатманди рушди имрӯзаи забони худ бошем, балки боз ҳам барои инкишофи баъдинаи он ва покии таърихии забонамон кӯшем.
Аз замони Рӯдакӣ то имрӯз забоне, ки зинда омада расидааст, моро ҷовидонӣ хоҳад дошт. Муҳаббат ба забони поки модар, эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ - ин ҳамон эҳтироми ирсии мо ба волидонамон аст. Ҳар касе эҳтироми забони модарии худро пос намедорад, ӯ ҳеҷ гоҳ заррае ба модар ва волидони худ муҳаббат нахоҳад дошт.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвар 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди забони давлатӣ оғоз гардида, барои нигаҳдорӣ, ҳимоя ва таъмини рушди бомароми забони давлатӣ иқдомҳои шоиста амалӣ мегарданд.
Таъсиси мақоми ваколатдори забони давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 эълон гардидани «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ», 5 октябри соли 2009 дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани барномаҳои рушди забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳои муҳим мебошанд.
Сипас, як қатор омӯзгорон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳр сарфароз гардонида шуданд.