zoofirma.ru

22-юми октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, ки роҳбарии онро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба уҳда дорад, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид.

Дар кори конференсия ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф, аъзоёни Комиссияи болозикр, олимону мутахассисон, шарикони рушд, аз ҷумла Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Дафтари барномавии UNODC дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Зимни конференсия масъалаҳои мубрами рӯз, такмили қонунгузории Тоҷикистон дар масъалаҳои таҳкими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни ин ҷиноят, татбиқи принсипи ҷазо надодани қурбониёни савдои одамон барои кирдорҳое, ки дар натиҷаи истисмор ё маҷбуркунӣ содир шудаанд, инчунин таъсиси Фонди давлатии ҷуброн ба қурбониён ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни конференсия доир ба мушкилоти мавҷуда, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти андешидани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати пешгирии савдои одамон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни он таъкид карданд.

Дар фарҷоми конференсия аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати беҳтар намудани низоми расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои дахлдор пешниҳоди мушаххас манзур карда шуда, саҳми шарикони иҷтимоӣ дар муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни он арзёбӣ гардид.