zoofirma.ru

Имрӯз, 13 октябри соли 2026 ба муносибати эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъати додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар маркази шаҳри бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ Раъно Қодирова маркази хизматрасонии бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи марказ муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва соҳибкор Раъно Қодирова иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ муовини Раиси шаҳр иброз дошт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи фароғату истироҳати кӯдакону наврасон тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд. Таъкид карда шуд, ки таъсиси чунин марказҳо на танҳо барои ташкили фароғати кӯдакон, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ низ мусоидат менамояд.

Маркази нави хизматрасонии бозии кӯдакон бо таҷҳизоти муосир ва бехатар таъмин гардида, барои гузаронидани вақти холии кӯдакону наврасон дар муҳити солиму шавқовар тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар марказ барои 6 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Дар анҷоми чорабинӣ меҳмонон аз шароити муҳайёгардида дидан намуда, ба фаъолияти минбаъдаи марказ барору комёбӣ орзу карданд. Таъкид гардид, ки дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва ҷалби сармоягузорӣ барои рушди шаҳр минбаъд низ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор хоҳад дошт.