zoofirma.ru

Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7-уми сентябри соли равон дар шаҳри Гулистон чорабиниҳои зерин доир мегардад:

  1. Ҷамъомади тантанавӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода.
  2. Хатнасури 10 нафар фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар қаҳвахонаи «Дурахшон».
  3. Дастархони идона барои собиқадорони ҷангу меҳнат дар тарабхонаи осоишгоҳи «Баҳористон».
  4. Роҳпаймоии тантанавӣ бо иштироки ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони Ҷамоати шаҳракҳо.
  5. Муборакбодии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар майдони Кохи Истиқлол .
  6. Барномаи калони консертӣ таҳти унвони «Ҷашни Истиқлол муборак, Тоҷикистони азизам!» дар майдони Кохи Истиқлол.

Ҳумоюнҷашни бузурги миллат муборак, ҳамватанони азиз!

Марҳабо ба тантанаҳои идона.