zoofirma.ru

Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати амалӣ сохтани нақша –чорабиниҳои ҷашнӣ бо ҳадафи пешвози арзандаи 25-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро мавриди амал карор додааст.

Яке аз чунин тадбирҳо вохўрии намояндагони ҳизб бо сарбозони қисми низомии 2425 мебошад. Дар чорабинӣ роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи суннату арзишҳои мардумӣ ва раванди босуръати корҳои азими бунёдкориву созандагӣ дар кишвар раиси КИ шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов ва раиси ташкилоти ибтидоии «Зарчашма» Улуғбек Хоҷаев ҳарф заданд.

Бо ҳадафи баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва такмили маърифати сиёсии сарбозон 25 адад китобҳои гуногун тақдим карда шуд.