zoofirma.ru

Дар ҳашт моҳи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо таъмини мўътадили фаъолияти босамар, истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  тавонистанд рушди бомароми истеҳсолотро ба роҳ монда, дар ин давра ба маблағи 1 млрд 237 млн сомонӣ молу амволи ниёзи бозору мардум истеҳсол намуда, нақшаи дурнаморо  140,2 фоиз ба иҷро расониданд, ки аз нишондиҳанда 354,4 млн сомонӣ зиёд аст. Чун ҳамешагӣ дар ташаккули комили маҷмўи маҳсулоти саноатии шаҳр ду корхонаи азими коркарди маъдан: ҶДММ «Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» -80,5 фоиз ва ҶМ ТКММ «Апрелевка» 10,6 фоиз саҳм гузоштанд.

Тибқи маълумоти омор теъдоди умумии кормандони соҳаи саноати шаҳр 3 ҳазору 404 нафарро ташкил дод, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 322 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати амалисозии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли нав оид ба боло бардоштани музди меҳнат ва ба ин васила мусоидат кардан ба рўзгори шоистаи мардум низ дар соҳа  корҳои назаррас роҳандозӣ шуданд. Масалан, музди маоши миёнаи коргарони соҳа 2506 сомонӣ буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 576 сомонӣ афзудааст.

Ба хотири ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ дар сатҳи ҷавобгўй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутахассисони соҳа бо 13 кишварҳои ҷаҳон робитаи зичу судмандро пайгирӣ доранд. Ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ бошад дар ин фосилаи вақти сипаришуда ба кишварҳои хориҷ ба маблағи 88 млн 957,4 ҳазор доллар, воридотӣ 17 млн 262,2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 маротиба зиёд шудааст.