zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва меҳмонон ба бинои нави Маркази хизматрасонии “Дурахшон” ташриф оварда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин ҷо хатнасури 10 нафар дўстрўякон аз оилаҳои нодор ба вуқўъ пайваст.

Ин Марказ, ки мутааллиқ ба соҳибкорон Набиҷон Зокиров ва Мансурҷон Пўлотов ҳаст аз ошхона, қаҳвахона ва сехи дўзандагӣ иборат мебошад. Айни замон 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Матлубахон Амонзода аз талошҳои соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки дар миқёси шаҳр танҳо дар тўли чанд моҳи соли равон якчанд иншоотҳои нав бунёд ёфт, ки ин маҳз аз самари Истиқлолияти давлатии кишвар аст.