zoofirma.ru

Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва “Рўзи китоб” бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии “Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушду иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июн то 20-уми август озмуни умумиҷумҳуриявии “Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” гузаронида шуд.

Дар арафаи ҷашн озмун ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд.

Ба Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон аз рўи номинатсияи “Китобхонаи сол” Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Корманди китобхонаи марказӣ Кифоят Мирзоқулова барои саҳми арзанда дар беҳтар кардани хизматрасонии китобу китобдорӣ, тарғибу ташвиқи мутоилаи китоб дар байни наврасону ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои чумҳурӣ ва Сипосномаи кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадр гардид.