zoofirma.ru

Дар идомаи қарори Раиси вилоят оид ба эълони Соли роҳҳои обод як қатор роҳҳои автомобилгарди шаҳр таъмир гардида истодаанд. Аз рўи нақша бояд 45 км роҳҳо, аз ҷумла 2 км-таъмири асосӣ, 23 км таъмири ҷорӣ, 20 км, шағалпўш карда мешаванд.

Тибқи иттилои ба мо расида то ба имрўз 49 км роҳҳои автомобилгарди Ҷамоати шаҳракҳо таъмиру тармим гардиданд, ки аз ҷумла 3 км таъмири асосӣ, 21 км таъмири ҷорӣ, 25 км шағалпўш шуданд.

Ҷиҳати амалисозии иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву таъмир дар роҳҳои маркази шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳои Консой, Сирдарё, Адрасмон ва Зарнисор идома дорад.

Маҳмудҷон Раҳматов,

мудири бахши нақлиёт

ва коммуникатсия