zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон барои дастгири ашхоси ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар даҳ моҳи соли равон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ ба қариб 3 ҳазор нафар оилаҳои ниёзманд ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Ҳамзамон, ба 945 нафар хонандагон аз  оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ба маблағи 18,9 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.

- Бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, - иброз намуд мудири бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳр Муслимахон Исоқова, -  ҳамзамон 130 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ба корхонаву муассисаҳои шаҳр вобаста карда шудааст, ки онҳо дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо мунтазам аёдат карда мешаванд.

Алҳол, дар ҳудуди шаҳр ба 83 нафар шахсони яккаву танҳо ва маъюб дар хона ёрии иҷтимоӣ ва хизмати хонагӣ расонида шуда, қариб 50 нафар ройгон аз хизматҳои маишӣ, таъмини яквақтаи хӯроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ бархӯрдор мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба шаҳрвандоин ниёзманд ба маблағи қариб бист ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шудааст.