zoofirma.ru

Дар муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон озмуни «Тирмоҳи зарин» дар байни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар омун дастаҳои дӯстдорони табиати МТМУ № 1, 5,7, 8,12, 13, 14 ва гимназияи №1 фаъолона иштирок намуданд. Дастаҳои аз рӯи чор шарти озмун байни ҳам қувва озмуда, гӯшаҳои рангини бахшида ба табиати нотакрори диёр, муҳофизати муҳити зист омода кардаи худро ба маърази умум гузоштанд.

Ҳамчунин, хонандагон байни ҳам дар пурсишҳо аз фанни экология ва биология иштирок карда, дониши экологии худро санҷиданд. Дастаҳои мактабиён рисолаву рефератҳои худро дар мавзӯи муҳити зист ва экология ҳимоя карда, маҳорати худро дар ороиши гулҳои тубакӣ ва сабадгулҳо намоиш доданд.

Дар ҷамъбасти ниҳоӣ дастаи МТМУ № 12-и деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон аз рӯи шартҳои озмун маҳорат ва малакаи баланд нишон дода ҷойи аввалро ишғол намуданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан насиби дастаҳои табиатшиносони гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ва МТМУ № 1 гардид. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз тарафи шуъбаи маориф ифтихорномаву таҳфаҳои қимматнок сарфарозонида шуданд.