zoofirma.ru

Рӯзи 24-уми ноябри соли равон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гашт.

Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода гулистониёнро бо иди пуршукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, зикр кард, ки Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ  мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим Парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон буда, ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдалатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин васила тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертиро таҳти унвони «Парчамат-парафшон бод, Тоҷикистон!» манзури тамошобинон намуданд.