zoofirma.ru

Аввали моҳи декабри соли равон дар шаҳраки Зарнисор рўйдоди фараҳбахше ба вуқўъ пайваст.

Дар муассисаи таълимии №10-и шаҳрак нуқтаи омўзиши забони чинӣ барои мактабиён, кормандони ширкати саноати кўҳии Тоҷикистону Хитоӣ ва хоҳишмандон ифтитоҳ ёфт. Дар маросими расмии кушодашавии он муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғ. Оқилзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Мирзоев, мушовири Сафо- ратхонаи ҶХХ Юй Чунли, директори Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон З. Розиқов ва Чуэн Хунбин иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар синфхонаи мазкур омўзгорон аз давлати Чин ба толибилмон забони чинӣ ва ҳикматҳои файласуфи машҳур Конфутсийро тадрис хоҳанд намуд.