zoofirma.ru

Дар толори таълимии ТҶММ-и шаҳр Пленуми сеюми ҳисоботии ташкилоти ҷамъиятии мазкур доир гардид. Дар оғоз муовини раиси кумитаи вилоятии ТҶММ Аҳмад Аҳмадов номзадро ба вазифаи раиси ТШ ТҶММ-и шаҳри Гулистон пешбарӣ кард. Вакилони Пленум бо як овоз Шарифҷон Абдуллоевро ба ҳайси раиси ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи шаҳр интихоб намуданд. Сипас, тибқи рўзнома ҳисоботи ин ташкилот дар давраи соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар музоркираи ҳисоботи ташкилот М. Турсунов, Ф.Раҳимов, А.Самадов, О.Самиев раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда пленум қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар кори пленуми ТҶММ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр И. Мадализода, комиссари ҳарбии Гулистон полковник Б.Холмуродов иштирок ва баромад намуданд.