zoofirma.ru

Дар маҷмаи варзишии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳр бо дастгирии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода чемпионати кушоди шаҳр оид ба каратэ-до байни мактабиён баргузор гашт.

Дар мусобиқа намояндагони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар маҷмӯъ 221 нафар ширкат варзиданд. Ғолибони чемпионати Гулистон бо медалҳо, дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд. Мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашт.

Роиҷ ба зикр аст, ки роҳбари мактаби варзишии шаҳри Гулистон Далер Баротов бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон дар шаҳрии Батумии Гурҷистон ба наздикӣ медали тилло ба даст овардааст.