zoofirma.ru

АДРАСМОН. Варзиш гарави саломатӣ буда, ҳар нафаре, ки ба тарбияи бадан машғул мешавад, ҳам ҷисман ва рўҳан солим мебошад.

Бо дарназардошти аҳамияти варзиш барои наврасону ҷавонон тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба қарибӣ дар кўчаи Темурмалики шаҳраки Адрасмон майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ин майдончаи варзишӣ дорои ҷойи махсус барои тафреҳи кўдакон ва дигар намудани варзиш, аз ҷумла футболу волейбол мебошад. Майдончаи варзишии мазкур аз ҳисоби маблағи хоҷагидории корхонаи давлатии КДБХК-и шаҳраки Адрасмон бунёд гардидааст.