zoofirma.ru

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солоҳои охири ҳокимияти шўравӣ ба масъалаи таърих, забон, ҳувитя ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар замони Истиқлолият, ки кишвар аз зери панҷаҳои асорат раҳо шуд, мазмуни нав касб карда, рўҳу равони тоза ёфт ва беш аз пеш вусъат пайдо намуд.

Солҳои бозсозии горбачевӣ, ки дар таърихи шўравии собиқ бо замони ошкорбаёнӣ иштиҳор дорад, дар баробари масъалаҳои дигар ифтихори миллӣ, руҷуъ намудан ба масоили худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносӣ бо ибтикори зиёиёни тоҷик ба миён гузошта шуд. Яке аз натиҷаи ин ибтикороти аҳли зиёи тоҷик расман ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ва ба тасвиб расидани қонун оид ба он мебошад, ки дар он замон воқеаи нодир ва бесобиқа ба шумор мерафат.

Пас аз тулўи хуршеди нурпоши Истиқлолият дар зиндагии мардуми шарифи тоҷик ва умуман тоҷикистониён саҳифаи наве оғоз ёфт, ки ҳазор сол мардум дар интизораш буданд. Яъне пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони маҳбуб давлатдории комилан миллӣ, ки пояҳои он дар асоси анъанаву ормонҳои миллати тоҷик таҳким ёфта буданд, оғоз гардид. Хушбахтона, дар ин солҳои соҳибихтиёрӣ кишвар дар тамоми самтҳо рушди бомаром намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хешро мушаххас намуда устувор сохт.

Дар замони имрўз, ки ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта истодааст, хатаре бар сари фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои миллӣ меоварад. Ин раванд аз мо тақзо менамояд, ки тарбияи насли наврасро таҳким бахшида, пояҳои онро устувор намоем. Зеро тарбия яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб гардида, насли наврас ҳамеша ба он ниёз доранд. Чунки маҳз тарбияи хуб метавонад дар зиндагии инсон таъсири босазо гузошта, самтҳои ояндаи дурусти рўзгори ўро муайяну мушаххас созад. Аз ин рў, мо омўзгорон муваззаф ҳастем, ки насли наврасро дар рўҳияи ватанпарастӣ, миллатдўстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ифтихор аз гузаштаи хеш ва ҳувияти миллӣ тарбия намуда, ин ҳиссиётро дар онҳо ташаккул диҳем. Зеро собит шудааст, ки раванди ҷаҳонишавӣ фарҳангу анъанаҳои заиф ва худшиносиву худогоҳии миллии нотавонро ба коми худ фуру мебарад. Барои он ки ҷавонони мо ба фишори ҷаҳонишавӣ муқовимат намуда, асолати миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносиро ҳифз намоянд, мусаллаҳ будани онҳо бо донишҳои ҷаҳони муосир ҳатмӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ташаккули худшиносиву ҳувияти миллии ҷавонону наврасон мебошад. Итминони комил дорам, ки ин ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва эътимодашон ба ҷавонони кишвар дар ташаккулу маърифат ва ҷаҳонбинии эшон таъсири босазое хоҳад гузошт ва беҳтарин василаи пешгирии гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мебошад.

Муборак ҲАМРОБОЕВА,
омўзгори МТМУ №14