zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бо иштироки сокинони шаҳр, намояндагони Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо таҷлили иди Сада хотирмон ба вуқўъ пайваст.

Ҷашни Садаро Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда, дар табрикоти хеш, аз ҷумла тазаккур дод, ки тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баракати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукўҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ташаккули маънавият такони нерўбахши худро эҳдо сохтааст.

Иди Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, дар оғози даҳаи аввали моҳи баҳман, 50 рўз қабл аз иди бузурги Наврўз баргузор мешавад. Сипас барномаи марғуби консертии санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар ҷашни Сада бо риояи суннатҳои хоси ҷашни мазкур, ҳамчунин ярмарка-фурўши ниҳолу гулбуттаҳо ташкил карда шуд. Дар ярмарка-фурўш муассисаҳои таълимии шаҳр, филиали институти боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилояти Суғд, хоҷагии деҳқонии «Шарифов» аз ноҳияи Истаравшан теъдоди зиёди навъҳои гуногуни ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ, гулҳо, беш аз 800 кўчати гулҳоро дар гулдонҳо, аз ҷумла ниҳолҳои санавбар, сарвиноз, савр, ардач, шамшод, гулҳои бодомгул, печак, сабр, бунафша, анҷибарӣ ва монанди инро ба сокинони шаҳр пешкаш намуданд.