zoofirma.ru

Санаи 3-юми феврал дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр сурат гирифт, ки дар ин вохўрӣ мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таъкид намуд, ки масъалаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва саривақт ҷавоб додан ба онҳо имрўз дар мадди назари Ҳукумат ва Сарвари кишвар буда, аз мо масъулин тақозо менамояд, ки ба ин масъала аҳамияти ҳарчи бештар диҳем.

Дар ҷараёни қабули Раиси шаҳр ҳаҷдаҳ нафар шаҳрванди шаҳраки Сирдарё муроҷиат намуда, проблема ва мушкилоти хешро арз доштанд, ки аз ҷониби мудирони бахшҳо, корхонаҳои марбута ва шахсони масъул мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Муроҷиати шаҳрвандон маълум намуд, ки мушкилоти онҳо асосан марбут ба масъалаҳои сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, таъмини роҳ, хатсайр, роҳхати имтиёзнок барои табобат, масъалаи коммуналӣ ва рифоҳӣ, таъмин намудан ба қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, ёрии моддӣ барои баргузории тўй, таъмин намудан ба ҷойи кор ва нафақа, масъалаи ба қайди давлатӣ гирифтан, хусусигардонии ҳавлии истиқоматӣ, маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои варзишӣ ва дифои ҳарбӣ мебошанд.

Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон муфассал баррасӣ гардида, инчунин ба шахсони ниёзманд аз ҷониби Раиси шаҳр кумаки моддӣ расонида шуд.