zoofirma.ru

Ба ифтихори Соли ҷавонон дар маркази шаҳр бо ҷалби беш аз 1200 нафар ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, корхонаву ташкилотҳо, варзишгарону донишҷўён роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Роҳпаймоӣ бо мақсад вокуниш ва изҳори сипоси ҷавонони шаҳри Гулистон ба Пешвои миллат ҷиҳати эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон баргузор гардид. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва намояндаи шуъбаи маориф ҳозиринро бо Соли ҷавонон табрик намуда, иброз доштанд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, худро аз ҳама хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори кишвари муқаддасамон гарданд.

Баъд аз роҳпаймоӣ дар боғи фарҳангиву фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бо ташаббуси бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.