zoofirma.ru

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода санаи 17-уми феврал ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон сафари корӣ анҷом дода, шаҳрвандонро қабул намуд, ки дар ин вохўрӣ мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Раиси шаҳр дар оғози вохўрӣ таъкид намуд, ки бояд масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муроҷиати шаҳрвандонро саривақт мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти онҳоро ҳал намоянд.

Дар ҷараёни қабули Раиси шаҳр бист нафар шаҳрванд муроҷиат намуда, проблема ва мушкилоти хешро арз доштанд, ки аз ҷониби мудирони бахшҳо, корхонаҳои марбута ва шахсони масъул мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд. Муроҷиати шаҳрвандон маълум намуд, ки мушкилоти онҳо асосан марбут ба ёрии моддӣ, оид ба норасоии мутахассисони соҳаи тиб ва мошини ёрии таъҷилӣ, хусусигардонии хонаи истиқоматӣ, гирифтани ордери хона, хизматрасонии коммуналӣ ва рифоҳӣ, таъмин намудан ба қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, оид ба гузоридани намози ҷумъа дар масҷиди шаҳрак мебошанд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр ва масъулони соҳаҳо муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ёздаҳ нафари онҳо кумаки моддӣ расонида шуд.