zoofirma.ru

НАВГАРЗАН. Дар толори МТМУ-и Ҷамоати шаҳрак ба муносибати 24-солагии Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона барпо карда шуд. Дар чорабинӣ дар баробари хонандагони мактаб, ки саҳнаҳо аз рўзгори сарбозонро барои ҳозирин намоиш дода, ашъори ватанпарварона қироат намуданд, сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии №5 низ ширкат варзида, машқҳои ҳарбӣ нишон доданд.

Ҳамчунин дар ин рўз ҷавонони синни даъватӣ ва модарон ба қисми ҳарбии воқеъ дар ин минтақа буда рафта, ба зисту зиндагонии сарбозон ошноӣ пайдо карданд. Хонандагони мактаб ба муҳит ва шароити сарбозон аз наздик шинос гардиданд, ки ин ҳама дар рўҳияи ватандўстиву садоқат ба сарзамини аҷдодии онҳо таъсири мусбати худро мегузорад. Дар ин қисми ҳарбӣ бо ташаббуси соҳибкор Фахруддин Аъзамов ва модарони навгарзанӣ дасторхони идона густурда шуда, аз ҷониби клуби ҷавонон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳр