zoofirma.ru

КОНСОЙ. Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №3 Ҷамоати шаҳрак мусобиқаи варзишӣ таҳти унвони “Ватанпарвар” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандўстиву меҳанпарварии наврасон ва дар рўҳияи ҳифзи ин хоку бум тарбия намудани хонандагон аз рўйи ҳашт шарт гузаронида шуд. Дар чорабинӣ асосан хонандагони синфҳои болоӣ ширкат намуда, саҳнаҳо аз ҳаёти сарбозонро намоиш дода, дар васфи Тоҷикистон ва муҳаббату садоқат ба Ватан шеърҳо қироат намуданд. Дар ҷамъбаст ғолибони мусобиқа бо туҳфа ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.