zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ба ифтихори 24-умин солгарди Рўзи таъ сисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроия, ниҳодҳои қудратӣ, корхонаву ташкилот, Ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷамъомади ботантана доир гардид.

Ҷамъомадро Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки рўзи 23-юми феврал ба ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту чор сол пур мешавад. Ин рўйдод дар таърихи халқи тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Алҳол Артиши Миллӣ ҳамчун нерўи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрўз Артиши Миллии мо ба қувваи боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Раиси шаҳр ҳамзамон, таъкид дошт, ки «дар шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он қисмҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, қисмҳои Вазорати мудофиа ва ҳолатҳои фавқулода ҷойгир ҳастанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон пайваста аз шароити зисту зиндагӣ, вазъи иҷтимоии онҳо огаҳӣ дошта, дар кумаку ёрии моддӣ додан ба онҳо ҳамеша дастгир мебошад. Ин раванд дар оянда низ тақвият дода шуда, баҳри ҳарчи бештар фароҳам овардани имконият ва шароитҳои муносиб барои хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад».

Дар қисмаи дувуми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маърази ҳозирин барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.