zoofirma.ru

Дар Ҷамоати шаҳрак баҳри тозагии муҳити зист ва ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон шанбегӣ доир карда шуд.

Дар ин ҳашари умумӣ ҳамаи кормандони корхонаҳои шаҳрак, хонандагони мактаб ва аҳолӣ ширкат намуда, назди коргоҳу муассисаҳо ва роҳраву хиёбонҳоро аз партовҳо тоза намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз беш аз сесад бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ бо ташаббуси мардум ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ шинонида шуд.