zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабиниро Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, модарон ва бонувони гулистониро муборакбод намуда, тазаккур дод, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Алҳол 51 дар сади аҳолии шаҳри Гулистонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 120 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд.

Дар қисми бадеӣ санъаткорони шинохтаи вилоят ва шаҳр барои ҳозирин барномаи марғуби консертиро манзур намуданд. Ҳамчунин, ба бонувон туҳфаҳои идонаи Раиси шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.