zoofirma.ru

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми коргоҳу ташкилот қабл аз 21-уми март бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар яке аз таълиимгоҳҳои бонуфузи шаҳр гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ин ҷашни миллӣ баргузор гардид.

Овози гӯшнавозӣ карнай аз оғози чорабинӣ дарак дод. Меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр, шуъбаи маорифу фарҳанг ва муассисаҳои таълимӣ нахуст аз суманакпазиву нонҳои танӯрӣ ва баъдан хонҳои наврӯзии хонандагон дидан намуданд. Дар пайравии таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар гимназия баҳри эҳёи чандин анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои халқӣ намунаи корҳои хонандагон, аз ҷумла бофандагӣ, гулдӯзӣ, тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои баҳорӣ ва бозиҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар маҷлисгоҳи таълимгоҳ меҳмонон таҳти унвони «Мо муштоқи туем, Наврӯз» барномаи мусиқӣ – адабӣ иборат аз рақсу суруд, муаррифии хонҳои «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин», озмуни «Зебанда туро атлас»-ро тамошо карданд.